ABNA24 : Дар иттифоқе нодир, кӯдаки се солае дар кишвари Перу, як ҷанин дар шиками худ нигаҳдорӣ мекунад.
Ба гузориши шабакаи RT-ии Русия, падари ин кӯдак баъд аз гилояи фарзанди се солааш аз дарди меъда, вайро ба бемористон мебарад.
Пас аз ташхиси ултрасадо, табибон муайян карданд, ки дар дохили шиками кӯдак як ҷанин мавҷуд аст. Ҷанин бародари дугоники тифл аст, ки ба ҷои калон шудан дар батни модараш дар батни кӯдаки сесола калон шудааст.
Ин мавриди нодир дар ҳар 500 ҳазор таваллуд, як бор иттифоқ меафтад. Ҷарроҳ пас аз баровардани ҷанини 25 см аз шиками кӯдаки сесола, эълом дошт: Ҷанин дар шиками ин кӯдак хеле кам афзудааст ва вазнаш танҳо як килограмм буд.
342/